Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Пашша чун пур шуд, бизанад пилро,
Бо ҳама тундиву салобат, ки ўст.
Мўрчагонро чу бувад иттифоқ,
Шери жаёнро бидаронанд пўст.
Саъдии Шерозӣ
Назар кун дар ин мўи борики сар,
Ки борикбинанд аҳли назар.
Чу танҳост, аз риштае камтар аст,
Чу пур шуд, зи занҷир маҳкамтар аст.
Саъдии Шерозӣ
Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.
Саъдии Шерозӣ
Набинӣ, ки чун бо ҳам оянд мўр,
Зи шерони ҷангӣ бароранд шўр!
Саъдии Шерозӣ
Ду дўст бо ҳам агар якдиланд дар хама кор,
Ҳазор таънаи душман ба ним ҷав нахаранд.
Ибни Ямин
Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт,
Ҳофизи Шерозӣ
Як-як ангушт агар диҳӣ ба касе,
Ки бувад зўри ў кам аз ту басе,
Тобад ангушти ту чунон ба шитоб,
Ки дар он тофтан равад зи ту тоб!
Вар ба ҳар панҷ тобияш панҷа,
Даст аз тофтан кунӣ ранҷа.
Ҷамъро ҳаст қуввати муътод,
Ки набошад муяссар аз оҳод.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё