Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Касе нанг дорад зи омўхтан,
Ки аз нанги нодонӣ огоҳ нест.
Абулқосим Лоҳутӣ
Ҳар ки нахонад, чӣ донад?
Ва ҳар ки надонад, чӣ тавонад?
Касеро, ки дил бошад омўзгор,
Бувад огаҳ аз разми ин рўзгор.
Зиндагӣ саросар омўзиш аст, зеро зиндагӣ ҳамвора дар пешравист.
Доно бояд, ки худро нодон шуморад ва он чӣ надонад, ба омўхтани он инкор накунад.
- ХАТ ВА НАВИШТАН
Қалам ба соате он корҳо тавонад кард,
Ки оҷиз ояд аз он корҳо қазову қадар.
Абулҳасани Фаррухӣ
Қалам баробари теғ аст, балки фозилтар.
Абулҳасани Фаррухӣ
Ҳеҷ чиз нест, ки ба хондан наярзад ва охир ҳеҷ ҳикоят аз нуктае, ки ба кор ояд, холӣ набошад.
Абулфазли Байҳақӣ
Ҳар чи бар коғаз навишта ояд, беҳтар аз коғаз бошад.
Абулфазли Байҳақӣ
Аз гуфтор боз тавон истод ва аз навишта боз натавон истод.
Абулфазли Байҳақӣ
Ҳар навишта ба як хондан арзад.
Абулфазли Байҳақӣ
Бе ҷома шарифӣ, з-он ки ҷонат
Маъруф ба хат аст, не ба ҷома.
Носири Хусрав
Қалам далели салоҳ асту теғ раҳбари ҷанг.
Носири Хусрав
Набиштан зи гуфтан муҳимтар шинос,
Ба гоҳи навиштан ба ҷо ор ҳуш!
Сухан бо қалам чун қалам рост дор,
Ба неку ба бад дар сухан нек кўш!
Маъсуди Саъди Салмон
Хат навиштан фазилату ҳунар аст,
Хондани хат зиёда муътабар аст.
Ҳар ки аз ин ду кор бехабар аст,
Бадтар аз гову зишттар зи хар аст.
Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам.
Агар хоҳӣ шавӣ хушнавис,
Бинавису бинавису бинавис!
Дар хатти касе нигоҳ набояд кард, агарчи дўсту бародар бошад, аммо агар иҷозат диҳад, музоиқае нест.
Некўтарини чизҳо қалами саҳеҳ аст аз забони фасеҳ.
Хат каҷ бошаду маъниш рост.
Кори қаламро шамшер накунад.
Қалам табиби сухан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё