Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
- ПУРСИДАН
Ба посух хирадманд пайдо шавад,
Ба ҳар орзу бар тавоно шавад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Чизе, ки ҳама донӣ, беҳуда чӣ пурсӣ,
Гуфтор чӣ бояд, ки ҳаме бинӣ кирдор?
Абулҳасани Фаррухӣ
Бипурс, ҳар чи надонӣ, ки зилли пурсидан
Далели роҳи ту бошад ба иззи доноӣ!
Саъдии Шерозӣ
Имом Ғаззолиро пурсиданд: «Чӣ гуна расидӣ бад-ин мақом дар улум?» Гуфт: «Бад-он, ки ҳар чи надонистам, аз пурсидани он нанг надоштам».
Саъдии Шерозӣ
Чу дониву пурсӣ, саволат хатост,
Ту неку бади худ ҳам аз худ бипурс!
Саъдии Шерозӣ
Пурсидан айб нест.
Дониш хоҳӣ, пурсон бош!
7.УСТОД ВА ШОГИРД
Ҳар киро роҳбар заған бошад,
Гузари ў ба марғазан бошад.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Чу хоҳӣ, ки ранҷи тан ояд ба сар,
Аз омўзгорон мабар тоби сар!
Абулқосими Фирдавсӣ
Нигаҳ кун ба-дон гардиши рўзгор,
Ҷуз ўро макун ҳеҷ омўзгор!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳар он, к-ў зоғ бошад раҳнамояш,
Ба гўристон бувад пайваста ҷояш.
Фахриддини Гургонӣ
Ба шогирдӣ ҳар он, к-ў шод гардад,
Бувад рўзе, ки ҳам устод гардад.
Носири Хусрав
Ҳар он касро, ки бошад роҳбар бум,
Набинад ҷуз, ки вайронӣ бару бум.
Носири Хусрав
Хиҷлати айби тани хешу ғами ҷаҳл кашад
Кўдаке, к-ў накашад заҳмати устоду адиб.
Носири Хусрав
Шогирдро ҷудо натвон кард аз устод.
Носири Хусрав
Эй мубтадӣ, ту таҷриба з-омўзгор гир!
Масъуди Саъди Салмон
Ҳар ки гирад пешае бе усто,
Ришханде шуд ба шаҳру русто.
Ҷалолиддини Румӣ
Кори беустод хоҳӣ сохтан,
Ҷоҳилона ҷон бихоҳӣ бохтан.
Ҷалолиддини Румӣ
Нигаҳ дор аз омўзгори бадаш,
Ки бадбахту бадраҳ кунад чун худаш.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё