Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Макад ар баччаи бемодари шер
Аз саги мода ба ночорӣ шир,
Гарчи шер аст ба гўшу сару дум,
Сифати шерӣ аз ў гардад гум.
Абулқосим Лоҳутӣ

Истеъдод бе тарбият дареғ аст ва тарбияти номустаид зоеъ.


Бача азиз аст, одоби ў азизтар.


То ниҳол тар аст, бояд рост кард.


Харро ба задан асп натавон кард.


Тарбияти ҷисмонӣ–бақои ҷавонӣ.


Тарбияти нокас шикасти давлат аст.


Тарбияи бад диҳад ғаму дард.


Бачча мураббӣ мехоҳад.

  1. АДИБ ВА АДАБИЁТ

Чун маонӣ ҷамъ гардад, шоирӣ осон бувад.
Абулқосими Унсурӣ

Шеър ногуфтан беҳ аз шеъре, ки бошад нодуруст,
Бачча нозодан беҳ аз шашмоҳа афкандан ҷанин.
Манучеҳрии Домғонӣ

Шеър аз баҳри мардумон гўянд, на аз баҳри хеш.
Унсурулмаолии Кайковус

Нависандаро даст гўё бувад,
Гули дониш аз дилш бўё бувад.
Асадии Тўсӣ
Дар шеър зи такрори сухан айб набошад,
Зеро ки хуш ояд сухани нағз ба такрор.
Носири Хусрав

Шоирӣ нест пешае, ки аз он
Расадат нон ба тарра, тарра ба дўғ.
Ибни Ямин

Шеър нуре зи арш зоянда-ст,
З-он чу арш устувору поянда-ст.
Рукниддини Авҳадӣ

Шеър чӣ-бвад? Навои мурғи хирад,
Шеър чӣ-бвад? Мисоли мулки абад.
Мешавад қадри мурғ аз ў равшан,
Ки ба гулхан дар аст ё гулшан!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Шеър бояд чу чашмасори зулол
Аз уқуди лаол моломол!
Нашавад оби ў ҳиҷоби гуҳар,
Балки гардад зи об тозаву тар!
На чу он чашмаи гилолода,
Ки дар ў қаъри об нанмуда,
Натавонӣ дар ў гуҳар ҷустан,
Бал к-аз ў даст боядат шустан.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Назм, ки нисбат ба гуҳар бошадаш,
Беҳ зи гуҳар бошад, агар бошадаш.
Қофиясанҷон чу дари дил зананд,
Дар ба рухи тирадилон гил зананд.
Рўй чу дар қофиясанҷӣ кунанд,
Пушт бар ин дайри сипанҷӣ кунанд.
Тан бигузоранду ҳама ҷон шаванд,
Кўҳ бибурранду паи кон шаванд.
Абдураҳмони Ҷомӣ

пешина
аз 331
навбатӣ