Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар он кас назми рўҳафзо бихонад,
Ба користони назм ҳайрон бимонад.
Ба гетӣ бояд ў аз мо кунад ёд,
Равону рўҳи мо гардад аз ў шод.
Шоҳини Шерозӣ

Ба олам шоирон соҳибзабонанд,
Зи лутфи хеш гавҳар мефишонанд.
Роғиби Самарқандӣ

Набвадӣ шоир ҳар он, к-ў мебибофад як-ду шеър,
Набвадӣ Бўнаср ҳар, к-ўро ватан шуд Форёб.
Ҳабиби Қоонӣ

Шеър дарёест паҳновар, ки ўро мурғи ваҳм
Дар гузаштан бояд аз пўлод болу пар кунад.
Маликушшуаро Баҳор

На ҳар ки гўяд сухан, номаш сухандон шавад,
На ҳар ки шуд сўи баҳр, гавҳари ғалтон барад.
Маликушшуаро Баҳор

Шоир он аст, ки озод бувад афкораш,
Ҳам намояндаи афкор бувад гуфтораш.
Устод Халил

Шеъре, ки қофия дораду маъно не, ба зеборўе монад,
ки сурат дораду сират не!


Шеър гуфтан далели шоир будан нест.
19.АДАБ

Адаби судманд ин аст, ки панд гирӣ аз дигаре, на он,
ки дигаре аз ту панд гирад.
Анўшервон

Беадаб бо ҳазор кас танҳост.
Шаҳиди Балхӣ

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар зи мулки Фаредун бувад.
Бузургон накарданд парвои мол,
Ки амволро ҳаст рў дар завол.
Инон сўи илму адаб тофтанд,
Ки номи накў аз адаб ёфтанд.
Абулқосими Фирдавсӣ

Касе, к-ў ба ҳукми адаб нангарад,
Саранҷом темору ҳасрат барад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Аҳли адабро адиб донад миқдор.
Абулҳасани Фаррухӣ

Фазлу адаби марди меҳин нисбати ўяст,
Шояд, ки напурсӣ зи падар в-аз аму холаш.
Носири Хусрав

Ҷомаро бар тан нашояд дўхтан,
Бояд аз мардон адаб омўхтан.
Фаридуддини Аттор

Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,
Нест марди беадаб соҳибмақом.
Фаридуддини Аттор

пешина
аз 331
навбатӣ