Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ бар ҳама офоқ зад.
Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар ки машҳур шуд ба беадабӣ,
Дигар аз вай умеди хайр мадор!
Об, к-аз сар гузашт дар Ҷайҳун,
Чи ба дасте, чи найзае, чи ҳазор!
Саъдии Шерозӣ

Луқмонро гуфтанд: «Адаб аз кӣ омўхтӣ?» Гуфт: «Аз беадабон: ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам».
Саъдии Шерозӣ

Насл бурида беҳ, ки маволиди беадаб.
Саъдии Шерозӣ

Накўӣ бо бадону беадабон тухм дар шўрабун коштан аст.
Саъдии Шерозӣ

Ту адаби нафси бадандеш кун,
Беадабонро ба адаб хеш кун!
Хусрави Деҳлавӣ

Беадаб силии замона хурад.
Рукниддини Авҳадӣ

Ҳар киро нест адаб, лоиқи суҳбат набувад.
Ҳофизи Шерозӣ

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,
Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

пешина
аз 331
навбатӣ