Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агар шахс одамӣ бошад ба дидор,
Ҳамин тимсол дорад нақши девор.
Саъдии Шерозӣ

На ҳар ки ба сурат накўст, сирати зебо дар ўст; кор андарун дорад, на пўст.
Саъдии Шерозӣ

Мушк он аст, ки худ бибўяд, на он ки аттор бигўяд.
Саъдии Шерозӣ

На ҳар чи ба қомат меҳтар, ба қимат беҳтар.
Саъдии Шерозӣ

Аз ҳусн нафис нест мардум,
Аз ҷавҳари мардумӣ нафис аст.
Хусрави Деҳлавӣ

Берун маҳаки даруна бошад,
Унвон зи ғараз намуна бошад.
Хусрави Деҳлавӣ

Кори сурат саҳл бошад, раҳ ба маънӣ мушкил аст.
Рукниддини Авҳадӣ

Ҳар ки дар банди сувар бошад, ба маънӣ кай расад?
Мард гар суратпараст ояд, бувад маънигузор.
Авҳадии Анварӣ

Сурати мардон чӣ хоҳӣ, сирати мардон гузин,
Марди ошиқпешаро бар сурати айвон чӣ кор?!
Ҳофизи Шерозӣ

Ман онро одамӣ донам, ки дорад сирати некў.
Маро чӣ маслиҳат бо он, ки ин габр асту он тарсо?!
Салмони Соваҷӣ

пешина
аз 331
навбатӣ