Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Таъна бар ман мазан ба сурати зишт,
Эй тиҳӣ аз фазилату инсоф.
Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер,
Кор шамшер мекунад, на ғилоф.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Даруну бурунро ба ҳам рост соз,
Зи каҷбоз беҳтар бувад ростсоз!
Дарунро биёрой ҳамчун бурун
Ва ё кун бурунро ба ранги дарун!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Рўй дар қоидаи эҳсон кун,
Зоҳиру ботини худ яксон кун!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чӣ суд аз шакл, агар хўе надорӣ,
Чи ҳосил ранг, агар бўе надорӣ?
Бадриддин Ҳилолӣ

Ба сурат одамӣ натвон гузидан,
Ба полон хар намебояд харидан.
Басо мардум ба сурат ҳамчу Моҳанд,
Дарунҳошон вале ганду сиёҳанд.
Роғиби Самарқандӣ

Нақши ҳар маънӣ шавад, оре, зи сурат ошкор.
Ҳабиби Қоонӣ

Ҳар ки дар ў сирати некў бувад,
Одамӣ ў бошад, инсон ў бувад.


Ботину сирати мардумро ҳангоми бадбахтӣ ва мусибати онҳо метавон шинохт.


Рўи зеборо ҳоҷат ба машшота нест.

пешина
аз 331
навбатӣ