Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳар ки гўяд сухан зи ҳад берун,
Шак маёвар, ки ҳаст аҳли ҷунун.
Камолиддини Биноӣ
То наёбам дар сухан майдон, намеояд ба ҳарф
Ҳамчу тўтӣ лавҳи таълим аст ҳамворӣ маро.
Соиби Табрезӣ
Магир аз даҳани халқ ҳарфро зинҳор,
Ба осиё чу шудӣ, пос дор навбатдор!
Сайидои Насафӣ
Ба ҳар ҷо сухан гул кунад, гўш бош,
Ба ҳайрат ватан созу хомўш бош!
Абдулқодири Бедил
Сухан гар зи дил бар забон оварӣ,
Чунон гў, ки ганҷе зи кон оварӣ.
Шамсиддини Шоҳин
Магў нуктае, к-он ҷадал оварад,
Ба бунёди айшат халал оварад.
Шамсиддини Шоҳин
Сухансанҷро гў: «Ба андоза гўй!
Тавонӣ, мукаррар макун, тоза гўй!».
Шамсиддини Шоҳин
Магў бе табъи равшан шарҳи лафзи пур зи маъноро, Макун ҳамчун назар беқадр лўълуи мусаффоро.
Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф
Гуфторе дар ҳама мазоқ хушгувор нест ва кирдоре дар ҳама мизоҷ созгор.
Абдулқодирхоҷаи Савдо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё