Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Сухан то нагўӣ, тавонеш гуфт,
Вале гуфтаро боз натвон нуҳуфт.
«Калила ва Димна»
Сухане, ки туро суд надиҳад, магуву он чӣ туро хушнуд накунад, машунав!
«Ҳазору як шаб»
Кам гўю ба ҷуз маслиҳати хеш магў,
Чизе, ки напурсанд, ту аз пеш магў!
Доданд ду гўшу як забонат з-оғоз,
Яъне, ки ду бишнаву яке беш магў!
Забонат гар диҳад бар мардум озор,
Шаванд аз дидани рўи ту безор.
Вагар ширинзабону базлагўӣ,
Пазирандат ба меҳру тозарўӣ.
Зи ногуфта ҳар кас, ки бошад хамўш,
Дилаш аз шунидан наёяд ба ҷўш.
Зи гуфтори беҳуда ҷуз ранҷ нест,
Чу хомўшӣ андар ҷаҳон ганҷ нест.
Накў гуфт донандаи рўзгор,
Ки гуфтори беҳуда н-ояд ба кор.
Забон дар ҷои худ истад, забон аст,
Вагарна нуктае пур аз зиён аст.
Сухан ба тамкин бувад,
Хоҷа на ғамгин бувад.
Сухан бисёр дону андаке гўй,
Якеро сад магў, садро яке гўй!
Эй писар, кам гўй бо мардум дурушт,
В-ар бигўйӣ, бо ту гардонанд пушт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё