Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳамнишинӣ асар дорад.


Ҳар киро мехохӣ бишносӣ, ё бо ў муомила кун, ё сафар!


Ҳамнишинам беҳ бувад, то ман аз ў беҳтар шавам.


Ҳамроҳи касе бош, ки ҳамроҳи ту бошад.

37.ТАЪХИР

Кори имрўз ба фардо маяфканед!
Анўшервон

Ба кори даҳр мўлиш гарчи бад нест,
Вале таъхир кардан аз хирад нест.
Абўшакури Балхӣ

Гулистон, ки имрўз гардад баҳор,
Ту фардо чинӣ гул, наёяд ба кор.
Абулқосими Фирдавсӣ

Аз имрўз коре ба фардо мамон,
Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон?!
Абулқосими Фирдавсӣ

Бибахшу биёрою фардо магўй,
Чӣ донӣ, ки фардо чӣ ояд ба рўй?!
Абулқосими Фирдавсӣ

Нигар, то кори имрўз ба фардо наяфканӣ,
Ки ҳар рўзе, ки меояд, кори хеш меорад.
Абулфазли Байҳақӣ

Ба имрўз мо боз кай даррасем,
Ки то пеш тозем, беш аз пасем!
Асадии Тўсӣ
Кори имрўз ба фардо афкандан аз коҳилтанист.
Абуллфазли Байҳақӣ

Фардо беҳ бод кори соҳиб аз имрўз,
Чунон, к-имрўз беҳтар аст зи дина.
Сўзании Самарқандӣ

Кори имрўзаи ту сохта нест,
Кори фардо чӣ гуна хоҳӣ сохт?!
Адиб Собири Тирмизӣ

Имрўз бикуш, чу метавон кушт,
К-оташ чу баланд шуд, ҷаҳон сўхт!
Магзор, ки зеҳ кунад камонро
Душман, ки ба тир метавон дўхт!
Саъдии Шерозӣ

Бикўш имрўз, то гандум бипошӣ,
Ки фардо бар ҷаве қодир набошӣ.
Саъдии Шерозӣ

Қуввати рой он аст, ки дахли фардо имрўз бикорад ва кори имрўза ба фардо нагузорад.
Саъдии Шерозӣ

Ҳарчанд кори фардост, имрўз муфти худ гир,
Шояд димоғи чоқат рўзи дигар набошад.
Абдулқодири Бедил

Мавлоно Шамсиддин фармуда, ки мардум аксар аз сустӣ ва коҳилӣ кори имрўза ба фардо мегузоранду ҳеҷ намеандешанд, ки имрўз фардои дирўз аст, имрўз чӣ сохтаем, ки фардо хоҳем сохт?!


Оҳанро дар гармиаш мекўбанд.

пешина
аз 331
навбатӣ