Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
38.ҚАНОАТ
Фузунӣ маҷўй, ар шудӣ бениёз,
Ки зуд орадат пеш ранҷи дароз.
Абулқосими Фирдавсӣ
Қонеъ ба як устухон чу каргас будан
Беҳ з-он, ки туфайли хони нокас будан.
Бо нони ҷавини хеш, ҳаққо, ки беҳ аст,
К-олуда ба полудаи ҳар кас будан.
Умари Хайём
То чанд кунӣ хидмати дунону хасон?
Ҷон бар сари ҳар туъма манеҳ чун магасон!
Ноне ба ду рўз хур, макаш миннати кас,
Хуни дили худ хурӣ, беҳ аз нони касон!
Умари Хайём
Касе, ки рўи қаноат надид, ҳеҷ надид.
Абдулмаҷди Саноӣ
Куҳанҷомаи хеш пиростан
Беҳ аз ҷомаи орият хостан.
Саъдии Шерозӣ
Дило, гар қаноат ба даст оварӣ.
Дар иқлими роҳат кунӣ сарварӣ.
Саъдии Шерозӣ
Қаноат ба ҳар ҳол авлотар аст,
Қаноат кунад, ҳар ки некахтар аст.
Саъдии Шерозӣ
Қаноат тавонгар кунад мардро.
Саъдии Шерозӣ
Дар қаноат, ки туро дастрас аст,
Гар ҳамин иззати нафс аст, бас аст.
Гар инон сўи қаноат тобӣ,
Зиндагонии хуш он дам ёбӣ.
Ҳаст зери фалаки гарданда
Қонеъ озодаву томеъ банда.
Нест ҷуз қоидаи бехирадӣ
Аз тамаъ бандагии ҳамчу худе.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳар ки гўяд: «Хону нони ман», бикаш
Пои хеш аз хону даст аз нони ў!
Таррае, к-аз бўстони худ хурӣ,
Хуштар аст аз барраи бирёни ў.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Гар шўру шаре ҳаст ҳарисони ҷаҳонро,
Хуррам дили қонеъ, ки зи ҳар шўру шаре раст.
Дар иззи қаноат ҳама равҳ омаду роҳат,
Дар ҳирс фараҳ нест, агар дарди саре ҳаст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
То кас қаноат накунад, бизоат наёбад.
Андаки худро беҳ аз бисёри дигарон дон!
Нони зағораи худ беҳ аз палави кас.
Як пора нони хушку косае оби худ беҳ аз ҳазор мурғи бирёни кас.
- ФУРСАТУ ВАҚТ
Бузургтарин мусибат он аст, ки битавонӣ кори нек анҷом диҳӣ ва он қадар худдорӣ кунӣ, то вақт бигзарад.
Анўшервон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё