Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ба дониш шав андар дувум коргар,
Савумро ба донишварон бар ба сар!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Гузашта чу мурғест ҷаста зи дом,
Аз ў нест дар дасти ту ғайри ном.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ба чашми хирад ҳозири вақт бош,
Ба ҳукми амал нозири вақт бош!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Умрро медон ғанимат ҳар нафас,
Чун равад, дигар наёяд бозпас.
Ҳама дида бар фурсату вақт дор,
Мадеҳ хира аз даст ҳангоми кор!
40.АФСЎС ВА ПУШАЙМОНӢ
Баски бар гуфта пушаймон будаам,
Баски бар ногуфта шодон будаам.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Ҷавонӣ ба беҳудагӣ ёд дорам,
Дареғо ҷавонӣ, дареғо ҷавонӣ!
Абўтоҳири Хусравонӣ
Пушаймонӣ аз карда як бор бас,
Ҳалоҳил дубора нахўрдаст кас.
Абўшакури Балхӣ
Пушаймон нашуд, ҳар ки некӣ гузид,
Ки бад з-оби дониш наёрад мазид.
Абулқосими Фирдавсӣ
Пушаймонӣ он гаҳ надорад-т суд,
Ки теғи замона саратро дуруд.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳамон гаҳ пушаймонӣ омад ба пеш,
Пур аз ғам шуда дил зи кирдори хеш.
Абулқосими Фирдавсӣ
Чӣ суд хоҳад дошт пушаймонӣ дар миёни дом?!
Абулфазли Байҳақӣ
Агар хоҳӣ, ки аз пушаймонии дароз эмин гардӣ, ба ҳавои дил кор макун!
Унсурулмаолии Кайковус
Мардумон чаро аз коре пушаймонӣ хуранд, ки як бор аз он пушаймонӣ хўрда бошанд?
Унсурулмаолии Кайковус
Макун бад, ки чун кардию кор буд,
Пушаймонӣ аз пас надорад-т суд.
Асадии Тўсӣ
Дарди гунаҳро наёфтанд ҳакимон,
Ҷуз, ки пушаймонӣ, эй бародар, дармон.
Чист пушаймонӣ? Он, ки бознагардад
Мард ба коре, к-аз он шудаст пушаймон.
Носири Хусрав
Пушаймонӣ аз дӣ надорад-т суд,
Чу чашмат ба имрўз менангарад.
Носири Хусрав
Офати мардумӣ пушаймонист,
То нагардӣ ту чун пушаймонӣ.
Масъуди Саъди Салмон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё