Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба ҳар кор ҳангом ҷустан накўст,
Задан рой бо марди ҳушёру дўст.
Чу коҳил шавад мард ҳангоми кор,
Аз он пас наёбад чунон рўзгор.
Абулқосими Фирдавсӣ

Чу дӣ рафту фардо наёмад ҳанўз,
Набошем аз андеша имрўз кўз.
Абулқосими Фирдавсӣ

Замони гузашта наояд ба бар.
Абулқосими Фирдавсӣ

Умри дубора надодаанд касеро.
Абулҳасани Фаррухӣ

Гузаштаро боз натавон овард.
Абулфазли Байҳақӣ

Замона бандҳо донад ниҳодан,
Ки натвонад хирад онро кушодан.
Фахриддини Гургонӣ

Ҳаргиз наёмадаасту наёяд гузашта боз.
Носири Хусрав

Боз наёяд ба ту, эй пур, пор!
Носири Хусрав
То ҷавонию тандурустӣ ҳаст,
Ояд асбоби ҳар мурод ба даст.
Низомии Ганҷавӣ

Дору паси марг кай кунад суд?!
Низомии Ганҷавӣ
Бо вақт бувад баста ҳама кору ҳама чиз,
Бе вақт бувад кор ба сар бурдан душвор.
Саъдии Шерозӣ

Васият ҳамин аст, ҷони бародар,
Ки авқот зоеъ макун, то тавонӣ!
Саъдии Шерозӣ

Кунун кўш, к-об аз камар даргузашт,
На вақте, ки селоб аз сар гузашт!
Саъдии Шерозӣ

Чу дӣ рафту фардо наёмад ба даст,
Ҳисоб аз ҳамон як нафас кун, ки ҳаст!
Саъдии Шерозӣ

Макун умр зоеъ ба афсўсу ҳайф,
Ки фурсат азиз асту алвақту сайф.
Саъдии Шерозӣ

Вақтро ғанимат дон он қадар, ки битвонӣ,
Ҳосил аз ҳаёт, эй ҷон, як дам аст, то донӣ!
Ҳофизи Шерозӣ

Вақтро гуфтаанд теғи парон,
Ки бувад бе таваққуф ў гузарон.
Ҳар куҷо тез бигзарад он теғ,
Во нагардад ба вой-вою дареғ.
Гарчи бошад гузаштанаш нафасе,
Лек таъсири ў қавист басе.
Қотеъ аз баҳри душман аст ин сайф,
То кушӣ дўст, ҳайф бошад, ҳайф!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Мазан пушти по бахти фирўзро,
Ба қисмат се кун ҳар шаборўзро:
Якеро ба таҳсили дониш гузор,
Ки бедонишӣ нест ҷуз айбу ор,

пешина
аз 331
навбатӣ