Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Низомулмулк
Ҳама корҳо аз фурўбастагӣ
Кушояд, валекин ба оҳистагӣ.
Низомии Ганҷавӣ
Эй, ки муштоқи манзилӣ, маштоб,
Панди ман кор банду сабр омўз!
Аспи тозӣ дутак равад ба шитоб,
Шутур оҳиста меравад шабу рўз.
Саъдии Шерозӣ
Саросема гўяд сухан бар гизоф,
Чу танбўри бемағзу бисёрлоф.
Саъдии Шерозӣ
Чун ғалат бишнавӣ, шитоб макун,
То набояд, ки худ ғалат бошӣ.
Саъдии Шерозӣ
Раҳрав он нест, гаҳе тунд, гаҳе хаста равад,
Раҳрав он аст, ки оҳиставу пайваста равад.
Саъдии Шерозӣ
Рафтану нишастан беҳ, ки давидану гусастан.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар чи зуд барояд, дер напояд.
Саъдии Шерозӣ
Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки: «Кадом ширин бошад, ки ба охир талх шавад?» Гуфт: «Шитоб».
Одами саросема корро ду маротиба мекунад.
Оҳиста рав, пайваста рав!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё