Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тунд меравӣ, ҷоно, тарсам, ки фурў монӣ!


Дар ягон кор тундӣ наёяд ба кор.

  1. САБРУ ТОҚАТ

Агар бурдборӣ сари мардумист,
Ба нобурдборон бибояд гирист.
Абулқосими Фирдавсӣ

Шикебоӣ аз меҳр номитар аст,
Сабуктар бувад, ҳар ки ў кеҳтар аст.
Абулқосими Фирдавсӣ

Зи тухми собирӣ шодӣ барояд.
Фахриддини Гургонӣ

Чу сабраш талх бошад панд, лекин
Ба сабрат панд чун сабрат шавад қанд.
Носири Хусрав

Ёрӣ зи сабр хоҳ, ки ёре нест
Беҳтар зи сабр мар тани танҳоро.
Носири Хусрав

Аз сабр нардбон-т бибояд кард,
Гар зери хеш хоҳӣ Ҷавзоро.
Носири Хусрав

Агар сабрат ба дил чун ёр гардад,
Зафар охир туро дилдор гардад.
Носири Хусрав

Аз фурўғи Моҳу Хур бояд ҳазорон солҳо,
То яке гавҳар ба кон-андар падид ояд магар.
Абўбакри Муиззӣ
Дўсте гуфт: «Сабр кун, зерок
Сабр кори ту хубу суд кунад,
Оби рафта ба ҷўй боз ояд,
Кор беҳтар аз он, ки буд, кунад».
Гуфтам: «Об ар ба ҷўй боз ояд,
Моҳии мурдаро чӣ суд кунад?!»
Авҳадии Анварӣ

Аз паси ҳар шомгаҳе чошт аст,
Охири бардошт фурўдошт аст.
Низомии Ганҷавӣ

Солҳо бояд, ки то аз Офтоб
Лаъл ёбад рангу рахшонию тоб.
Ҷалолиддини Румӣ

Гар сухан хоҳӣ, ки гўӣ чун шакар,
Сабр кун аз ҳирсу ин ҳалво бих(в)ар!
Ҷалолиддини Румӣ

Сабр талх омад, валекин оқибат
Меваи ширин диҳад пурманфиат.
Ҷалолиддини Румӣ

Сабр сўи кашфи ҳар сир раҳбар аст,
Сабр талх омад, бари ў шаккар аст.
Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаст мар ҳар сабрро охир зафар,
Ҳаст рўзе баъди ҳар талхӣ шакар.
Ҷалолиддини Румӣ

Сабр орад орзуро, не шитоб!
Ҷалолиддини Румӣ

Ангури навоварда турштамъ бувад,
Рўзе ду-се сабр кун, ки ширин гардад.
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ