Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар ки меҳмонро гиромӣ мекунад, Кўшише дар некномӣ мекунад.


Аз такаллуф дур бош, эй мизбон, То гаронӣ набвадат аз меҳмон.


Меҳмонро азиз бояд дошт Аз раҳи мардию ҷавонмардӣ.


Чун мушарраф шавӣ ба меҳмоне, Ҳар чи дорӣ, фидои меҳмон кун!


То напурсандат, магў аз ҳеҷ боб, То нахонандат, марав бар ҳеҷ дар!


Тоқати меҳмон надошт,
Хона ба меҳмон гузошт .


Ҷабҳаи кушодаи мизбон сабаби кушоиши иштиҳои меҳмон аст.


Меҳмон аз падар бузургтар аст.

50.КЎШИШИ БЕҲУДА

Кас барнадоштаст ба дасте ду харбуза.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Ба ноёфт ранҷа макун хештан,
Ки темори ҷон бошаду ранҷи тан!
Абулқосими Фирдавсӣ

Тухме, ки ҳаргиз нарўяд, накор!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳамоно туро шири мурғ орзуст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Аблаҳ он гурге, ки ў нахҷир бо шер афканад,
Аҳмақ он саъва, ки ў парвоз бо анқо кунад.
Абулнаҷми Манучеҳрӣ

Агар хоҳӣ, ки туро девонасор нашуморанд, он чи наёфтанӣ бувад, маҷўй.
Унсурулмаолии Кайковус

Дари хона кунун бастан чӣ суд аст,
Ки дуздаш ҳар чи дар хонаст, бурда(а)ст.
Фахриддини Гургонӣ

Абри сиёҳро ба ҳаво - андар
Аз ғулғули сагон чӣ зиён дорад?
Носири Хусрав

Зинҳор, мабанд бод дар чанбар,
Беҳуда масой об дар ҳован!
Носири Хусрав

Дарахти хурмо аз мум сохтан саҳл аст,
Валек аз он натвон ёфт лаззати хурмо.
Афзалиддин Ҳоқонӣ

Чаҳ он ҷо кан, к-аз он обе барояд,
Раг он ҷо зан, к-аз он хуне кушояд.
Низомии Ганҷавӣ

Раҳ намудан ба хайр нокасро
Пеши аъмо чароғ доштан аст.
Саъдии Шерозӣ

Бо сияҳдил чӣ суд гуфтанӣ ваъз?
Наравад мехи оҳанин бар санг!
Саъдии Шерозӣ
Ба хурдон мафармой кори дурушт,
Ки сандон нашояд шикастан ба мушт.
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ