Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тире, ки на бар ҳадаф гарояд,
Он беҳ, ки зи ҷабба барнаёяд.
Хусрави Деҳлавӣ

Саг нахоҳад кард шерӣ дар шикор,
Гар кунӣ з-атлас ҷули ў ё зи суф.
Ибни Ямин

Чу нопок ояд ба ту оби ҷўй,
Маҷў покии ҷома аз шустушўй!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Дар шўразамин зи сози булбул
Кай бор диҳад шақоиқу гул?!
Шоҳини Шерозӣ

Зи хорбун накунад мард ормони рутаб,
Зи поргин накунад шахс орзуи гуҳар.
Ҳабиби Қоонӣ

Бо задан об аз ҳам ҷудо нашавад, Обу оташ ба ҳам якҷо нашавад.


Панҷа ба шер задан ва мушт ба шамшер кори хирадмандон нест.


Муште, ки баъд аз ҷанг ба ёд ояд, ба каллаи худ бояд зад.


Дар надорӣ, дарбон чӣ мекунӣ?


Зўри беҳуда миён мешиканад.


Оташ бо оташ натавон кушт.
51.ҲАЗЛУ ҲАЗЛГЎӢ

Зи ҳазлу лоғи ту озор хезад,
Мазоҳи сард оби рў бирезад.
Носири Хусрав

Бо гурўҳе, ки биханданду бихандонанд,
Чун кунам, чун на бихандам, на бихандонам ?!
Носири Хусрав

Ҳазл хор мадоред ва ҳаззолонро ба чашми ҳақорат манигаред!
Убайди Зоконӣ

Зарофат оташафрўзи ҷудоист,
Адаб оби ҳаёти ошноист.
Соиби Табрезӣ

Ҳама кас ҳазлро наёрад тоб,
Тоб н-орад самандар андар об.
Табъи ҳар кас ба ҳазл яксон нест,
Он, ки гўӣ яке бувад, он нест.
Хазл, к-аз ҷон бувад туро хуштар,
Бар дили дигарон бувад наштар!
Ҳазл сармояи зиён бошад,
На зиён, балки хавфи ҷон бошад.
Камолиддини Биноӣ

Андаку беш рў ба ҳазл маёр,
К-андак охир кашад ба ҷое кор.
Ки фитад дар миёна фитнаву ҷанг,
Рўзгори фарох гардад танг.
Хандаҳоят шавад ба гиря бадал,
Даври Ноҳид уфтад ба Зуҳал.
Камолиддини Биноӣ

пешина
аз 331
навбатӣ