Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Рози кас дар дили кас гунҷоӣ надорад, магар дар дили дўст.
«Марзбоннома»
Яке сирре ба дўсте бигуфту пурсид: «Ёд гирифтӣ?»
Гуфт: «Не, фаромўш кардам».
Рози худро чун ту худ маҳрам наӣ,
Дигаре худ маҳрами он чун бувад?!
Мард сар медиҳаду сир намедиҳад.
Сирпўшӣ далели мардонагист.
Рози дил ҷуз ба ёрон натвон гуфт.
Сир додӣ, сар додӣ.
Рози дўст аз душман ниҳон беҳ.
Фош шудани асрор аз ҷониби аҳли машварат ҷурм
аст.
Розро ба падари оқил гўй, на ба бегона.
Розе нест, ки равон–равон ошкор нагардад.
Сирри мардон пўшида беҳ.
53.ХОБ
Хоби аҳмақ лоиқи ақли вай аст,
Ҳамчу ў беқимат асту лошай аст.
Ҷалолиддини Румӣ
Эй қамарбаста касби рўзиро,
Субҳхезӣ далели фирўзист.
Баҳри хоби сабоҳ чашм мебанд,
З-он ки ин хоб монеи рўзист.
Саъдии Шерозӣ
Хуфтагонро хабар аз замзамаи мурғи саҳар,
Ҳаявонро хабар аз олами инсонӣ нест.
Саъдии Шерозӣ
Шаби ту чун ҳама гузашт ба хоб,
Умри ту нима шуд ба вақти ҳисоб.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Хоб, оре, бародари марг аст,
Ки аз ў нахли умр бебарг аст.
Камолиддини Биноӣ
Хуфтагон рўй дар адам доранд,
Хуфтаву мурда ҳукми ҳам доранд.
Камолиддини Биноӣ
Зиндаи хуфта шакли мурда гирифт,
Сурати мурдаи фасурда гирифт.
Камолиддини Биноӣ
Чу гул дар субҳи пирӣ мекашӣ хамёзаи ҳасрат,
Макун, эй ғунча, сарфи хоб шабҳои ҷавониро!
Абдулқодири Бедил
Хобу хур ҷуз пешаи ином нест,
Хуфтагонро баҳра аз инъом нест.
Он ки хобаш беҳтар аз бедорӣ аст,
Ончунон бад зиндагонӣ мурда беҳ.
Чандон махусп, ки мурдаат шуморанд!
Ҳар кас хоб аст, ҳиссааш дар об аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ