Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хоб бо марг ҷуфт, аз хоб гули шодии ҳеҷ кас нашукуфт.


Хоби зиёд саломатиро зарар аст.


Хоби рўз–мояи хоби шаб.


Хоби пеш аз авқот нуқра бошад, хоби баъд аз авқот тилло.


Хоби посбон–чароғи дузд.


Хуфта–ҳукми мурда.


Хуфтаву мурда дар қиёс якест.

54.САФАР

Ман ин ҷо дер мондам, хор гаштам,
Азиз аз монданӣ доим шавад хор.
Чу об андар шамар бисёр монад,
Шавад таъмаш бад аз ороми бисёр.
Абўмансури Дақиқӣ

Чу шуд ба дарё об равону кард қарор,
Табоҳу бемазаву талх гардаду бебар.
Зи баъди он, ки сафар кард, чун фуруд ояд,
Ба лутф рўҳ фазояд зи таъми ҳамчу шакар.
Абулқосими Унсурӣ

Шигифтиҳои ҷаҳонро падид нест карон,
Ҳар он шигифт, ки бинӣ, бувад шигифттар он.
Агар шигифтиҳо боядат, бипўй замин,
Ва гар аҷибиҳо боядат, биҷўй ҷаҳон!
Қатрони Табрезӣ
Ба шаҳру барзани худ дур чӣ ёбӣ,
Ҷуз он хон, к-андар он шаҳр асту барзан.
Ба хона-дар зи нури қурси Хуршед,
Ҳамон бинӣ, ки дартобад зи равзан.
Агар мар рўзро медид хоҳӣ,
Сар аз равзан бирун бояд-т кардан.
Носири Хусрав

Қадри мардум сафар падид орад,
Хонаи хеш мардро банд аст.
Чун ба санг андарун бувад гавҳар,
Кас надонад, ки қиматаш чанд аст.
Абдулмаҷди Саноӣ

Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме.
Саъдии Шерозӣ

Гар ба дўкону хона даргаравӣ,
Ҳаргиз, эй хом, одамӣ нашавӣ!
Бирав, андар ҷаҳон тафарруҷ кун
Пеш аз он рўз, к-аз ҷаҳон биравӣ!
Саъдии Шерозӣ

Нашавад мард пухта бе сафаре,
То накўшӣ, набошадат зафаре.
Рукниддини Авҳадӣ

Агар дар хона худро қайд соӣ,
Куҷо мурғи ҳарамро сайд соӣ?
Рукниддини Авҳадӣ

Эй дил, арчанд дар сафар хатар аст,
Кас хатар бе сафар куҷо ёбад?
Он чи андар сафар ба даст ояд
Мардро, дар ҳазар куҷо ёбад?
Ҳар ки чун соя гашт соянишин,
Тобиши Моҳу Хур куҷо ёбад?

пешина
аз 331
навбатӣ