Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Дарахти насяро баркан, ки бехаш хушк меояд, Ки аз савдои нақдонақд бўи мушк меояд.
Ҳар киро озмоӣ, ба кирдор озмой, на ба гуфтор, ки гунҷишк ба нақд беҳ, ки боз ба нася.
Меҳнати нақд беҳ аз роҳати нася.
Гунҷишке дар даст беҳ аз булбуле дар ҳаво.
Муши зинда беҳ аз гурбаи мурда.
Надиҳанд нақдро ба нася.
Нақди кам беҳ аз насяи бисёр.
- ХАРҶ ВА ҚАРЗ
Агар қарзе ситонӣ, марди боҳуш,
Чу корат кард омад, дар адо кўш!
Носири Хусрав
Зи навкиса макун ҳаргиз дирам вом,
Ки расвоию ҷанг орад саранҷом.
Носири Хусрав
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун,
Ки мегўянд маллоҳон суруде:
«Агар борон ба кўҳистон наборад,
Ба соле Даҷла гардад хушкрўде».
Саъдии Шерозӣ
Бар он кадхудо зор бояд гирист,
Ки дахлаш бувад нуздаҳ, харҷ бист.
Саъдии Шерозӣ
Харҷи фаровон кардан касеро ҷоиз бошад, ки дахли муайян дорад.
Саъдии Шерозӣ
Дар адо кўш, чун кунӣ воме, Манеҳ аз ваъда пештар гоме!
Рукниддини Авҳадӣ
Ҳар киро харҷ зи дахл аст фузун, оқил нест.
Соиби Табрезӣ
Харҷ агар аз кисаи меҳмон бувад, Ҳотами Тойӣ шудан осон бувад.
Дахл–нуздаҳ, харҷ–бист,
Ба ҳоли ту бояд гирист.
Дарди дандону қарз ҳар ду якест: ё кашӣ ё диҳӣ, халос шавӣ.
Харҷи ноҳамворро ҳамвор кардан мушкил аст.
Харҷи сурма агарчи андак-андак иттифоқ афтад, охир фано пазирад.
Қарз ба зоғ, зоғ ба ҳаво.
Қарз қарз аст, бахшиш-бахшиш.
- ДАВЛАТ
Зи баҳри дирам тунду бадхў мабош,
Ту бояд, ки бошӣ, дирам, гў, мабош!
Абулқосими Фирдавсӣ
Касе, к-ў ба ганҷу дирам нангарад,
Ҳама рўзи ў бар хушӣ бигзарад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ