Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Хурию бинўшӣ зи рўи хирад,
Аз он беҳ, ки бинӣ, ки душман барад.
Асадии Тўсӣ
Ба динор ҳар чизу темори сахт
Тавон ёфт, ҷуз зиндагонию бахт.
Асадии Тўсӣ
Мол ў ёбад, ки касбе мекунад,
Нодире бошад, ки бар ганҷе занад.
Ҷалолиддини Румӣ
Зар хирадро волаву шайдо кунад.
Ҷалолиддини Румӣ
Ҳаргиз ба молу ҷоҳ нагардад бузургном
Бадгавҳаре, ки хубси табииш дар раг аст.
Қорун, гирифтамат, ки шавӣ дар тавонгарӣ,
Саг низ бо қилодаи заррин ҳамон саг аст.
Саъдии Шерозӣ
Ба моли ниҳода баландӣ маҷўй,
Ки нохуш кунад оби истода бўй!
Саъдии Шерозӣ
Ту ғофил дар андешаи суду мол,
Ки сармояи умр шуд поймол.
Саъдии Шерозӣ
Ки мард он, ки монад пас аз вай ба ҷой
Пулу биркаву хону меҳмонсарой.
Саъдии Шерозӣ
Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд кардани мол.
Саъдии Шерозӣ
Дирам дар ҷаҳон баҳри хуш хўрдан аст,
На аз баҳри зери замин кардан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ