Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чун худ накунӣ, чунон ки гўӣ,
Панди ту бувад дурўғу тарфанд.
Носири Хусрав
Панд аз касе шунав, ки надорад зи ту тамаъ,
Панде, ки бо тамаъ бувад, он сар ба сар ҳабост.
Носири Хусрав
Некхоҳон диҳанд, валек
Некбахтон буванд пандпазир.
Носири Хусрав
Чун ҳар ки диҳад панд, шунидан бояд!
Абдулфараҷи Рунӣ
Беғараз панд ҳамчу қанд бувад,
Боғараз панд пойбанд бувад.
Абдулмаҷди Саноӣ
Аз насиҳат ноқисон комил шаванд
В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.
Аз насиҳат тоза гардад ҳар диле
В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле.
Ҷалолиддини Румӣ
Ҳар ки панди дўстон накнад қабул,
Дар ҳақиқат, мудбир аст он булфузул.
Фаридуддини Аттор
Ҳар ки дар панди худ омад устувор,
Панди ўро дигарон банданд кор.
Фаридуддини Аттор
Насиҳат аз душман пазируфтан хатост, валекин шунидан равост, то бар хилофи он кор кунӣ, ки айни савоб аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо