Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Савум, ёр бояд-т ҳангоми кор,
Зи ҳар неку бад баргирифтан шумор.
Чаҳорум, хирад бояду ростӣ,
Бишустан дил аз кажжию костӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҷаҳон сар ба сар ҳикмату ибрат аст,
Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст?!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба сол ар бародар зи ман меҳтар аст,
На ҳар, к-ў бувад меҳтар, ў беҳтар аст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи нокарданӣ кор бартофтан
Беҳ аз дил ба андўҳу ғам ёфтан.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи нерў бувад мардро ростӣ,
Зи сустӣ каҷӣ зояду костӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Касе, к-ў наҷўяд саранҷоми хеш,
Наёбад зи гетӣ ҳаме коми хеш.
Абулқосими Фирдавсӣ
Касеро куҷо мағз бошад басе,
Гувожа набояд задан бар касе.
Абулқосими Фирдавсӣ
Касе, к-ў гунаҳкору хунӣ бувад,
Ба кишвар бимонад, забунӣ бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо