Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Адлро рў ба чархи воло кун,
Зулмро дар чаҳи адам ҷо кун!
Дасти золим чаро наёрӣ баст,
Ки наёрад ба кори халқ шикаст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳар он, к-ў кашад теғи номеҳрубонӣ,
Шавад куштаи теғи номеҳрубонон!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Теғ аз золимон мадор дареғ,
Адлро дор дар ҳимояти теғ!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Золим пўшад либоси хунбофтаро,
То зер кунад хасми забунёфтаро.
Бо сангдилони шуълахў сахтӣ кун,
Бардор ба оҳан оҳани тофтаро!
Абдулқодири Бедил
Сарв сарсабз аст аз он рў, ки озод аст ва қумрӣ, ки гирифтор, ҳамвора дар фарёд аст.
Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ўст,
Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест!
Абулқосим Лоҳутӣ
Озодии судманд он бошад бас,
К-аз вай нарасад зиён ба озодии кас.
Ҳеҷ калимае ба андозаи озодӣ азҳонро мутаваҷҷеҳи худ насохтааст ва ба ҳеҷ калимае маонии мухталиф монанди калимаи озодӣ дода нашудааст, ҳатто барои иддае озодӣ иборат аз ин аст, ки ҳақ дошта бошанд мусаллаҳ шаванд ва зўр бигўянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё