Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Бузургтарин пирўзӣ он аст, ки навъе рафтор кунем, ки муборизон қавитар аз он бошанд, ки дар шурўъи кори мубориза будаанд.
Зинда бод миллате, ки барои зинда доштани озодӣ зиндагиро дўст дорад!
Инсон озод халқ шудаасту маҷбур ба убудият нест.
То ҷон бар хатар наниҳӣ, бар душман зафар наёбӣ.
Ҳар ки золимеро аз банд бираҳонад, худ дар банд бимонад.
Бар золимон раҳм набояд кард, ки он бар нафси худ зулм аст.
Инсон аз модар озод зоида шудааст.
Сари мор кўфта беҳ.
Озодӣ ободист.
Тавбаи гург марг аст.
Озодӣ андар беҳоҷатист.
5.ДЎСТИИ ХАЛҚҲО
Банӣ-Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Саъдии Шерозӣ
Як гули мақсуд дар ин бўстон
Чида нашуд бе мадади дўстон.
Саъдии Шерозӣ
Ҷумла бадан, ҷумлаи аъзо яке,
Сурати навъию ҳаюло яке.
Алишери Навоӣ
Ҳар ҷо мўе хилофи мардум бошад,
Сарриштаи рабти оламе гум бошад.
Абдулқодири Бедил
Агар халқ ба халқ ҳамроҳ шавад, давлат аст.
Инсон бародари инсон аст.
6.ҶАНГ ВА СУЛҲ
Дар ҷанги душманон аз камии лашкари худ набояд андешид, ки хаймаи бисёрро оташи андак тавонад сўхт.
Анўшервон
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накўшад ба ҷанг.
Абўшакури Балхӣ
Касе нест бе озу бе ному нанг,
Ҳамон оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ту гар пеши шамшер меҳр оварӣ,
Сарат гардад озурда аз доварӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Набояд, ки бошед бо сози ҷанг,
На з-ин бора ҷўяд касе ному нанг.
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё