Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Суде накунад фарохнои бару дўш,
Гар одамиӣ, ақлу ҳунар парвару ҳуш!
Гов аз ману ту фарохтар дорад чашм,
Хар аз ману ту дарозтар дорад гўш!
Саъдии Шерозӣ

Одамизоди некмаҳзар бош,
То туро бар давоб фазл ниҳанд!
Ту ба ақл аз давоб мумтозӣ,
Варна эшон ба қувват аз ту биҳанд!
Саъдии Шерозӣ

Шарафи одамӣ чу аз илм аст,
Ҳар ки доност, бандаи ўям.
В-он ки бе илм мансабе ҷўяд,
Мансаби ўст мабразе гўям.
Хусрави Деҳлавӣ

Аз ҳусн нафис нест мардум,
Аз ҷавҳари мардумӣ нафис аст.
Хусрави Деҳлавӣ

Одамӣ аст аз паи коре бузург,
Гар накунад, ўст ҳиморе бузург.
Хусрави Деҳлавӣ

Он ки надорад сифати мардумӣ,
Нест бари одамиён одамӣ.
Хусрави Деҳлавӣ

Мардумӣ аз мардумият лозим аст,
Уд, ки бўяш набувад, ҳезум аст.
Хусрави Деҳлавӣ

Майли ту ҳар сў, ки ба пайванд тохт,
Одамӣ аз дев бибояд шинохт.
Хусрави Деҳлавӣ

пешина
аз 331
навбатӣ