Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман онро одамӣ донам, ки дорад сирати некў,
Маро чӣ маслиҳат бо он, ки ин габр асту он тарсо.
Салмони Соваҷӣ

На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гар туӣ одам, машумор одамӣ,
Он ки надорад зи ғами кас ғаме.
Алишер Навоӣ

Одамиро бар либосу суфу атлас фахр нест,
Дида бошӣ, ин қумош аксар сутуронро ҷул аст.
Абдулқодири Бедил

Қимати мард на бо симу зар аст,
Қимати мард ба илму ҳунар аст.
Абдулқодири Бедил

Одам он аст, ки ҷоҳу ҳашамаш хар накунад.
Абдулқодири Бедил

Миқдори ҳар дарахт падид ояд аз самар.
Ҳабиби Қоонӣ

Одамият чист?!-- Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан!
Тошхоҷаи Асирӣ

Гавҳари қимат зи гавҳарҳо ба олам одам аст,
Дар ҷаҳони ту ба ҳар одам баҳои олам аст.
Ҳабиб Юсуфӣ

Қимати ҳар одамӣ ба андозаи ҳиммати ўст.
«Таърихи гузида»

пешина
аз 331
навбатӣ