Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Зи доноён сухан пайваста бинйўш,
Макун ҳаргиз ҳадиси аблаҳон гўш!
Зи доноён бимонад ёдгорӣ,
Вале нодон кашад сад ҷавру хорӣ.
Роғиби Самарқандӣ
Сад ҳайф, ки мулло ба ҷадал моил шуд,
Пиндошт, ки «олим шудаам», ҷоҳил шуд.
Абдулқодири Бедил
Зи ҳарфи ҳақ нашавад ранҷа марди донишвар.
Ҳабиби Қоонӣ
Доно ба чашми нодон ҳақиртар аз он бошад, ки нодон ба чашми доно.
«Марзбоннома»
Гарчи доно бошию аҳли ҳунар, Хешро камтар зи ҳар нодон шумар!
Ҳаким он аст, ки ба ҷаҳли худ муқир бошад ва ҷоҳил он аст, ки ба илми худ мағрур.
Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки тавонгартар кист?
Гуфт: «Он, ки ақлаш комил бошад».
Аз Суқрот пурсиданд, ки бо кадом кас унс гирифтан лоиқтар аст? Гуфт: «Бо одами оқилу дурандешу некрой».
Хирадманд толиби камол бошад, нодон хоҳони мол.
Оқил ба фазлу ҳунар нозад, на ба молу зар.
Оқил ду бор фиреб нахурад.
На некў бувад марди доно хамўш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё