Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

5.ДЎСТ ВА ДЎСТӢ

Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рўи дўстон.
Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар
Аз фироқи дўстони пурҳунар.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Вақти нокомӣ тавон донист ёр.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дўстӣ, к-он бимонад ҷавон.
Абўшакури Балхӣ

Ду чиз аз дил андўҳ берун барад:
Рухи дўсту овози марди хирад.
Абўшакури Балхӣ

Бувад дўст мар дўстро чун сипар,
Беҳ аз дўст мардум кӣ бошад дигар?
Абўшакури Балхӣ

Ҳар он дўст, к-аз баҳри суду зиён
Бувад дўст, душман бувад, бегумон.
Абўшакури Балхӣ

Киро н-озмудиш, ёри ту гашт,
Манол, ар гуноҳе бар ў баргузашт.
Абўшакури Балхӣ

Бародар бародар бувад, дўст беҳ,
Чу душман бувад, берагу пўст беҳ.
Абўшакури Балхӣ
Чӣ нохуш бувад дўстӣ бо касе,
Ки моя надорад зи дониш басе.
Абўмансури Дақиқӣ

Бародар-т чандон бародар бувад,
Куҷо мар туро бар сар афсар бувад.
Чу пажмурда шуд рўи рангини ту,
Нагардад касе гирди болини ту.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳамон дўстӣ бо касе кун баланд,
Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.
Абулқосими Фирдавсӣ

Гаронмоятар кист аз дўстон,
К-аз овози ў дил шавад бўстон?!
Абулқосими Фирдавсӣ

Агар дўст бо дўст гирад шумор,
Набояд, ки бошад миёнҷӣ ба кор.
Абулқосими Фирдавсӣ

Бо душмани ман чу дўст бисёр нишаст,
Бо дўст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст!
Абўалӣ ибни Сино

Чӣ бувад рўзе фирўзтар аз рўзи висол?
Чӣ бувад фоле фархундатар аз дидани дўст?
Абулҳасани Фаррухӣ

Дўстонро биёфтӣ ба мурод,
Сари душман бикўфтӣ ба гувоз.
Абулҳасани Фаррухӣ

Дўст набояд зи дўст дар гила бошад.
Абулҳасани Фаррухӣ

пешина
аз 331
навбатӣ