Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чу дўстони туро бар ту дил биёзорам,
Чӣ ҳусни аҳд бувад пеши некмардонам?
Вале ҳақиқати даъвии дўстӣ он аст,
Ки душманони туро бар ту дўст гардонам.
Саъдии Шерозӣ
Дўст машмор он, ки дар неъмат занад
Лофи ёрию бародархондагӣ.
Дўст он бошад, ки гирад дасти дўст
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
Саъдии Шерозӣ
Ёр он бувад, ки сабр кунад бар ҷафои ёр,
Тарки ризои хеш кунад дар ризои ёр.
Саъдии Шерозӣ
Дунё хуш асту мол азиз асту тан шариф.
Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқаддам аст!
Саъдии Шерозӣ
Душмани доно баландат мекунад,
Бар заминат мезанад нодони дўст.
Саъдии Шерозӣ
Ба назди ман он кас накўхоҳи туст,
Ки гўяд: «Фалон чоҳ дар роҳи туст!»
Саъдии Шерозӣ
Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Ҳофизи Шерозӣ
Дареғ аст рўй аз касе тофтан,
Ки дигар нашояд чу ў ёфтан.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё