Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дўстонро ба гоҳи суду зиён
Битавон диду озмуд тавон.
Абдулмаҷди Саноӣ

Дар миёни дўстон гаҳ ҷанг бошад, гоҳ сулҳ,
Дар мизони ахтарон гаҳ нафъ бошад, гаҳ зарар.
Абдулмаҷди Саноӣ

Бад касе дон, ки дўст кам дорад,
З-он батар, чун гирифт, бигзорад.
Абдулмаҷди Саноӣ

Дўстро кас ба як бадӣ нафрўхт,
Баҳри кайке гилем натвон сўхт.
Абдулмаҷди Саноӣ

То ту ёри хеш бошӣ, ёр натвон доштан.
Абдулмаҷди Саноӣ

Басо коре, ки аз ёре барояд,
Бибояд ёр, то коре барояд.
Низомии Ганҷавӣ

Душмани доно, ки ғами ҷон бувад,
Беҳтар аз он дўст, ки нодон бувад.
Низомии Ганҷавӣ

Он ки бо ту рўзи ғам будаст ёр,
Рўзи шодӣ ҳам бипурсаш зинҳор!
Фаридуддини Аттор

Мар туро ҳар кас, ки ёри ғам бувад,
Чун расад шодӣ, ҳамон ҳамдам бувад.
Фаридуддини Аттор

Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем!
Каримон ҷон фидои дўст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем !
Ғаразҳо тира дорад дўстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?
Гаҳе хушдил шавӣ аз ман, ки мирам,
Чаро мурдапарасту хасми ҷонем?
Чу баъд аз марг хоҳӣ оштӣ кард,
Ҳама умр аз ғамат дар имтиҳонем.
Кунун пиндор, мурдам, оштӣ кун,
Ки дар таслим мо чун мурдагонем.
Чу бар гўрам бихоҳӣ дод бўса,
Рухамро бўса деҳ, акнун ҳамонем!
Ҷалолиддини Румӣ

Дўстӣ бо мардуми доно накўст,
Душмани доно беҳ аз нодони дўст.
Ҷалолиддини Румӣ

Дило, ёрон се қисманд, ар бидонӣ,
Забонианду нонианду ҷонӣ.
Ба нонӣ нон бидеҳ, аз дар биронаш,
Навозиш кун ба ёрони забонӣ!
Валекин ёри ҷониро ба даст ор,
Ба ҷонаш ҷон бидеҳ, ар метавонӣ!
Саъдии Шерозӣ

Дўст он аст, ки маъйиби дўст
Ҳамчу оина рў ба рў гўяд,
На ки чун шона бо ҳазор забон
Дар қафо рафта мў ба мў гўяд.
Саъдии Шерозӣ

Оини бародарию шарти ёрӣ
Он нест, ки айби ман ҳунар пиндорӣ.
Он аст, ки гар хилофи шоиста равам,
Аз ғояти дўстим душман дорӣ.
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ