Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Дўстеро, ки ба умре фарочанг оранд, ба як хато нагзоранд.
Саъдии Шерозӣ
Душман чӣ кунад, чу меҳрубон бошад дўст?!
Саъдии Шерозӣ
Дўстони вафодор беҳтар аз хешанд.
Саъдии Шерозӣ
Озурдани дўстон ҷаҳл аст.
Саъдии Шерозӣ
Чун ба ҷанг ояд ду ёр, он беҳ, ки як кас тан занад,
То таноби дўстӣ аз ҳеч роҳе нагсалад.
Бигсалад он ресмон, к-аз ҳар ду ҷониб зўр ёфт,
В-ар яке сусташ гузорад, ҳеч гоҳе нагсалад.
Хусрави Деҳлавӣ
Гар шумарӣ дўст, касеро шумор,
К-ў бувад андар ғаму шодит ёр.
Хусрави Деҳлавӣ
Касеро дўст бояд гуфту ҳамдам,
Ки бошад ҳамдам андар шодию ғам.
На ёр, ағёр гў онро, ки ҳар бор
Ба шодӣ ёр бошад, дар ғам ағёр.
Хусрави Деҳлавӣ
Ҳазорон офарин бар ошное,
Ки битвон ёфт з-ў бўи вафое.
Хусрави Деҳлавӣ
Ёр чунон бош, ки номат баранд,
Бўи саломат зи саломат баранд!
Хусрави Деҳлавӣ
Дўстие бояд аз он гуна ҷуст,
К-он абадуддаҳр бимонад дуруст.
Хусрави Деҳлавӣ
Дўст, ки дар шодию ғам нест дўст,
З-ў чӣ шавӣ шод, ки худ ғам ҳам ўст?!
Хусрави Деҳлавӣ
Ёри ғаразҷўй фаровон бувад,
Он ки кашад бори ту, ёр он бувад.
Хусрави Деҳлавӣ
Ёр чу дар кор набошад, ғам аст,
Кор, ки бе ёр барояд, кам аст.
Хусрави Деҳлавӣ
Дўст магў он ки зи ҳампўстӣ
Боз надонад адаби дўстӣ.
Хусрави Деҳлавӣ
Ҳар ки саломе кунадат, ёр нест,
Ҳар садаферо дури шаҳвор нест.
Хусрави Деҳлавӣ
Он ки айби ту гуфт, ёри ту ўст,
В-он ки пўшида дошт, мори ту ўст.
Рукниддини Авҳадӣ
Хона дар кўи бахтёрон кун,
Дўстӣ бо латифкорон кун!
Рукниддини Авҳадӣ
Ҷон фидои ёрони мувофиқ кунед!
Убайди Зоконӣ
Ба қавли душманон баргаштӣ аз дўст,
Нагардад ҳеч кас бо дўст душман!
Ҳофизи Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё