Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо дўстон музоиқа дар умру мол нест,
Сад ҷон фидои ёри насиҳатниюш кун!
Ҳофизи Шерозӣ

Зи рўи дўст маро чун гули мурод шукуфт,
Ҳаволаи сари душман ба санги хора кунам.
Ҳофизи Шерозӣ

Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин
Аз дўстони ҷонӣ мушкил бувад буридан.
Ҳофизи Шерозӣ

Завқи ҷаҳон надорад бе дўст зиндагонӣ,
Бе дўст зиндагонӣ завқи ҷаҳон надорад.
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳазор душманам ар мекунад қасди ҳалок,
Гарам ту дўстӣ, аз душманон надорам бок.
Ҳофизи Шерозӣ

Боғи биҳишту сояи тўбову қасри ҳур
Бо хоки кўи дўст баробар намекунам.
Ҳофизи Шерозӣ

Агар рафиқи шафиқӣ, дурустпаймон бош,
Ҳарифи ҳуҷраву гармобаву гулистон бош!
Ҳофизи Шерозӣ

Ба оламе нафурўшем мўе аз сари дўст.
Ҳофизи Шерозӣ

Дами дўст ман муғтанам мешуморам,
Нишоте, ки бе ўст, ғам мешуморам.
Камоли Хуҷандӣ

Саҳни бўстон завқбахшу суҳбати ёрон хуш аст.
Ҳофизи Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ