Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Нек бо бад куҷо раво бошад?!
Бо бад ар бад кунӣ, баҷо бошад?!
Камолиддини Биноӣ
Рафиқ аз каф мадеҳ, душман агар хоҳӣ забун гардад.
Сайидои Насафӣ
Рафиқӣ кун ту бо ёрони ҷонӣ,
На ёре, к-ў бувад ёри забонӣ.
Роғиби Самарқандӣ
Зиндагӣ бо дўстон айш асту танҳо оташ аст,
Шох аз булбул ҷудо масруфи гулхан мешавад.
Абдулқодири Бедил
Тоза созад гулбуни уммедро пайғоми дўст,
Бишкуфонад ғунчаи дилро насими номи дўст.
Гар ғубори хотире аз дўстон бинӣ, маранҷ,
К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дўст.
Зебуннисо
Зиндагӣ бе рафиқҳо марг аст,
Шахси бедўст шохи бебарг аст.
Дўстӣ баҳри мард тазйин аст,
Нек оини зиндагӣ ин аст.
Абулқосим Лоҳутӣ
Аз душманони дўст ҳазар гар кунӣ, равост,
Бо дўстони дўст туро дўстӣ накўст.
Андар ҷаҳон бар ду гурўҳ эминӣ мабод:
Бар дўстони душману бар душманони дўст.
«Калила ва Димна»
Онро, ки дўст нест, ромиш нест.
«Марзбоннома»
Мушкилӣ ояд ба сари дўстон,
Аҳлиашон зуд бигардад аён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё