Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дило, гар оядат рўзе ғаме пеш,
Чу ёре бошадат ғамхор, ғам нест!
Барои рўзи меҳнат ёр бояд,
Вагарна рўзи роҳат ёр кам нест.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Дидани дўст дўстро гаҳ-гаҳ
Чеҳраи дўстӣ биёрояд.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар он кас, ки дар дўстӣ рост нест,
Бад-ў душманӣ ҷуз каму кост нест.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Нописандӣ гар расад аз ёри равшандил, чӣ бок?
Нест айбе оби соферо, ки хошоковар аст!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба ҳар кас раҳи ошноӣ мапўй,
Зи ҳар ошно рўшноӣ маҷўй!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барои дўст ҷонатро фидо кун,
Валекин дўст аз душман ҷудо кун!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Он ки ўро нест ёди дўстон,
Кун фаромўшаш, набудат дўст он!
Зайниддини Восифӣ

Хуштар зи рафиқи меҳрубон чист?
Бе ҳамдаму ёр чун тавон зист?!
Бо ҳамдаму ёр зиндагонӣ
Бошад чу ҳаёти ҷовидонӣ.
Шоҳини Шерозӣ
Аз дўст ҳар ҷафо, ки расад, ҷои миннат аст,
Зеро ки нест ҳеч вафо чун ҷафои дўст.
Бадриддини Ҳилолӣ

Дар дўстӣ мулоҳизаи маргу зист нест,
Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дўст.
Бадриддини Ҳилолӣ

Касе, к-аз дўстӣ берун ниҳад пай,
Дар оини вафо саг беҳтар аз вай.
Бадриддини Ҳилолӣ

З-он сияҳдил, к-аз ҳуқуқи ошноӣ ғофил аст,
Беҳтар аст он саг, ки пои ошно нагрифтааст.
Соиби Табрезӣ

Касе, ки айби маро мекунад ниҳон аз ман,
Агар чу чашм азиз аст, душман аст маро.
Соиби Табрезӣ

Фироқи дўст агар андак аст, андак нест,
Даруни дида агар ним мўст, бисёр аст.
Соиби Табрезӣ

Он ки бошад тамом дар ёрӣ,
Рў натобад ба рўзи душворӣ.
Гар балое расад ба ёронаш,
Меҳнате пеши дўстдоронаш.
Сипари он бало кунад худро…
Дар ҷаҳон ёр инчунин бояд,
Ёри ғамхор инчунин бояд.
Ҳамчунин ёр агар ба даст ояд,
Ҷон фидояш агар кунӣ, шояд.
Камолиддини Биноӣ

Ёри бад ғайри кори бад накунад.
Чӣ кунад бад, ки кори худ накунад?

пешина
аз 331
навбатӣ