Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чӣ чиз аст, ки андўҳро бибарад? Ду чиз: яке рафиқи мувофиқ, дигаре дидани рўи дўстони содиқ.


Ҳайф бошад ба душворӣ ёре ба даст овардан ва ба осонӣ аз даст додан.


Ба ҳақиқат дўст набошад, ки дўст фаромўш кунад дар бало.


Касеро дўст мадон, ки роҳати худро дар озори мардум донад!


Ба дўст ҷафо кардан ба душман вафо кардан аст.


Дўстӣ кун, ки муҳаббат аз муҳаббаит хезад!


Дўст он аст, ки бо ту рост гўяд, на он ки дурўғи туро рост ангорад.


Дўстӣ бесабаб мешавад, душманӣ бесабаб намешавад.


Дўст он аст, ки бигирёнад; душман он аст, ки бихандонад.


Маломати дўстон беҳ, ки шамотати душманон.


Ёр дўст бошад, гулхани мо гулшан аст.


Ёрро бояд имтиҳон кардан, то охир пушаймонӣ набошад.


Ёри корафтодаро ёрӣ ҳам аз ёрон расад.


Ёри некро дар рўзи бад шиносанд.


Ёри шотир бош, на бори хотир.

пешина
аз 331
навбатӣ