Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳар чи аз дўст мерасад, некўст.
Радди душман қабули дўст аст.
Хонаи дўстон бирўбу дари душманон макўб!
Дўстро ба суду зиён имтиҳон кунанд.
Дўстон тоҷи сару душманон зери по.
Ҳар дўст, ки вафо накард, душман беҳ аз ў.
Он ҷо, ки дўстист, такаллуф чӣ ҳоҷат аст?
Аз бародари сангдил ҷўраи ҷонӣ беҳ.
Ҳамроҳи касе бош, ки ҳамроҳи ту бошад.
Аз дўст шикоят макун, ки меҳри бегона равад.
Барои касе бимир, ки бароят таб кунад.
Чашми дўст – ба сар, чашми душман–ба по.
Ёр аҳл аст, кор саҳл аст.
Дўстӣ– бо рафту омад.
Як ёри ёр беҳ аз сад бародари носозгор.
Бародарӣ–баробарӣ.
Ошнодорӣ беҳ аз пулдорист.
Дўст бош, безарар бош!
Ошноӣ рўшноист.
Рафиқ бошӣ, мувофиқ бош!
- ДАЛЕРӢ ВА УСТУВОРӢ
Андар балои сахт падид ояд
Фазлу бузургмардию солорӣ.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Шуҷоъ он, ки дилро шикебо кунад,
Ба ошуфтан-андар мудоро кунад.
Абўшакури Балхӣ
Далере, ки тарсад зи пайкори шер,
Зани зоҷ хонаш, махонаш далер!
Абулмуайяди Балхӣ
Раво нест баргаштан аз корзор,
Агар ҷон сипорем дар кор зор.
Абулқосими Фирдавсӣ
Далерӣ зи ҳушёр будан бувад,
Диловар сазои ситудан бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ту пирўзӣ, ар пешдастӣ кунӣ,
Сарат паст гардад, чу сустӣ кунӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Бикун шерӣ он ҷо, ки шерӣ сазад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба рўзи маърака з-ин пурдилию пурҷигарист,
Ки як савора шавад пеши лашкари ҷаррор.
Абулҳасани Фаррухӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё