Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

пурсуръат чархаҳои Неругоҳи қудратманди Роғунро ба тоб додан оғоз кард...
Бо дастуру ҳидоятҳои гавҳаррези Пешвои соҳибнубуғи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пирӯзӣ расидани муҳандиси тоҷик Хайрулло Сафарзода достони ҷовидонист.

ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ НОСИРИ
ХУСРАВИ ҚУБОДИЁНӢ

Мусоҳибан шоири донишманд Ҳайрандеш

  • Муҳарам Ҳайрандеш! Ба Шумо муяссар шудааст, ки дар арафаи 1000-солагии таваллуди шоир ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик Ҳаким Абӯмуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ оромгоҳи ин шахси бузургворро зиёрат намоед. Хоб мешуд, ки лутфан дар ҳамин хусус ҳикоят мекардед.

  • Ростӣ гап, ҳеҷ бовар надоштам, ки зиёрати оромгоҳи
    Ҳаким Носири Хусрав, чунонки дар Бадахшони Афғонистон бо эҳтиром Саҳид Носири Хусрави Қубодиёнӣ ном
    мебаранд, насиби ман мегардад. Вақте ки ҷашни 1000-солагии мутафаккири бузург таҷлил мегардид ва дар шаҳри
    Қубодиён бо иштироки олимон ва адибони бузурги олам
    маҳфили муҳташаме баргузор шуд, як гурӯҳи адибон ва
    аҳли фарҳанг «Корвони маърифат» ташкил намуда, тавассути бисту панҷ адад мошинҳои сабукрав ба тарафи Бадахшони Тоҷикистон ҳаракат карданд. Хушбахтона, ман
    ҳамроҳи онон будам. Он вақт камина дар вазифаи раиси
    шӯъбаи Иттифоқи нависандагони вилояти Хатлон кор
    мекардам. «Корвони маърифат» бисёр шаҳру ноҳияҳоро
    гардиш намуд. Дар ҳар шаҳру ноҳия бахшида ба ҷашни
    адиби бузург маҳфили шеъру тарона ташкил намудем,
    созмондеҳ ва ровии ин маҳфилҳо ман будам. Ҳамин тавр
    «Корвони маърифат» аз Қубодиён ҳаракат намуда, як шаб

пешина
аз 216
навбатӣ