Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Хайрандеш аст. Ҳоло ӯ биёяд ва ман ба тарафи ту ишора бикунам, ки Хайрандеш ҳастӣ, бовар намекунад ва сахт дар ҳайрат мемонад. Хулоса, дар ваҷоҳати вай чӣ ҳолатеро мушоҳида менамоӣ.

Ин хабар ба ман хеле ҳайратангез битофт.

Вақте ки он се нафар ба назди мо омаданд ва дастфишорӣ кардем, роҳбаладам ба ҳамон ҷавони шеърдӯст муроҷиат намуд:

  • Медонӣ, ки ҳамроҳи ман кистанд?

  • Не, - гуфт он ҷавон, - чеҳраашон шинос метобад, аммо намедонам, ки кистанд.

  • Ин кас шоир Хайрандеш, - шинос кард роҳбаладам.

Он ҷавон бо шунидани номи ман намедонист, ки аз хурсандӣ чӣ кор кунад. Ва аз багалкисааш китоби «Сад қатра ашк»-и маро бароварда гуфт, ки «ман бе ин китоб қадам намезанам».

Ин мулоқот бароям фаромӯшнашаванда буд. Он субҳ мо хеле сӯҳбат доштем.

Баъди Ёгед мо ба Қалъаи Хумб роҳӣ шудем ва дар он ҷо низ «Корвони маърифат» маҳфили дилпазире баргузор кард ва ин чорабинии фарҳангиро мо ба ҷашни 100-солагии ҳофизи бузурги халқ Акашариф Ҷӯраев бахшидем. Баъд дар Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Хоруғ маҳфилҳои хуб баргузор намуда, шомгоҳи вопасин дар боғистони соҳили Ғунд тафреҳ кардем. Дар ҳамон ҷо соати чори субҳ ман ва се нафар шарикони маро бедор карда, ба шаҳри Хоруғ даъват намуданд. Мо ҳар чор нафар аз вилояти Хатлон будем, яъне камина, мудири шуъбаи фарҳанги вилоят Сафаралӣ Ҳалимов, директори студияи телевизиони вилоят Ҳамроҳ Салимов ва раиси деҳшӯрои ноҳияи Вахш як нафар зане буд. Ва чор нафар аз вилояти Кӯҳистони Бадахшон низ ба гурӯҳи мо ҳамроҳ шуданд, ки ду нафарашон халифа, яке раиси деҳшӯро ва дигаре мудири шуъбаи молияи вилояти Кӯҳистони Бадахшон буданд. Ҳамин

пешина
аз 216
навбатӣ