Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
тавр муайян шуд, ки мо ҳашт нафар аз «Корвони маърифат» ба Юмгондараи кишвари Афғонистон, ба зиёрати оромгоҳи Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ сафар менамоем. Ин ҷо як воқеаро бояд қайд бикунам, ки раиси бахши Иттифоқи нависандагони Бадахшон Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд бисёр хоҳиш дошт, ки ҳамроҳи мо сафар намояд. Вале намедонам бо кадом сабабе ӯ ба ин гурӯҳ шомил нашуда буд. Сипас бародари ҳамқаламам Ширин Бунёд як шеъри хеле пурмуҳтаво ва калонҳаҷми худро ба ман супурда, илтимос намуд, ки онро дар оромгоҳи мутафаккири бузург Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ қироат бикунам ва баъдан ҳамон шеърро ба ҳукуматдорони минтақаи Юмгон ба расми ёдгор тақдим бидорам.
Ба ҳамин минвол сафари мо оғоз ёфт ва аз пули Ишкошим ба хоки кишвари дӯст ва ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қадам ниҳодем. Минтақаи нахустине, ки дар он ҷо моро аскарони сарҳадии Афғонистон пешвоз гирифтанд, рустои Султони Ишкошим буд. Дар ин русто ҳамроҳи аскарон ва афсарони сарҳадии Афғонистон мулоқоти самиме доштем ва чойи субҳро нӯши ҷон кардем. Аҷоиботи мулоқоту суҳбат он буд, ки сокинони деҳоти назди сарҳади ду тараф ҳамдигарро хуб мешинохтанд.
Чун ба сафар идома додем, дар пешрӯйи мо кӯҳи азиме хобида буд ва мо аз ин кӯҳ убур карда, ҳангоми нузул танкҳо ва мошинҳои муҳорибавии савори афсарому аскаронро рӯ ба рӯ шудем ва онҳо ба мо бо қаҳру ғазаб менигаристанд.
Дар ҳар қадам кӯҳҳову пуштаҳо, сабзазорому гулҳои шукуфта ва шаршараҳо назаррабоӣ менамуданд. Хосатан як шаршарае моро мафтун кард, ки гӯиё аз қуллаи кӯҳ не, балки аз осмон меомад ва то ба замин рехтан гумон доштӣ, ки ба пардаи нафису ҳарири чанг табдил меёфт. Мошинҳоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё