Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
дар шаҳри Бохтар, шаби дигар дар ноҳияи Данғара бахшида ба эҷодиёти шоири бузург маҳфили шеъру тарона барпо кардем. Шабе дар минтақаи Шӯрообод, шаби дигар дар деҳаи Ёгеди Дарвоз низ чунин маҳфилҳои зебо баргузор шуданд.
Бояд зикр намоям, ки ман он вақт огоҳ набудам, ки ба муносибати ҷашни адиби оламшумул ба минтақаи Бадахшони кишвари Афғонистон сафар менамоям. Зеро аз ибтидо тасмим гирифта будем, ки «Корвони маърифат»
фақат дар шаҳру рустоҳои ҷумҳурӣ сафар хоҳад кард ва аз Бадахшони худамон бармегардем.
Деҳаи Ёгед бисёр сарсабзу хуррам ва зебо буд.
Сапедадамон бо роҳбаладии ҷавони ёгедӣ ба сайри чашмасорому дарёчаи ин деҳа рафтам. Мо лаб-лаби дарёча қадам зада, манзараҳои афсонавии ин деҳаро тамошо менамудем. Дарёча аз миёни ду кӯҳи бениҳоят баланд ҷорӣ мешуд. Дар танаи кӯҳи баланд бо санги сафед сурати бузурги Ҳаким Носири Хусравро бо маҳорати фавқулода кашида буданд. Ҳеҷ ақли одам намегирад, ки бар девораи осмонқароши кӯҳ чунин акси калонҳаҷмро кашидан мумкин бошад. Лекин акси мутафаккири бузургро басе зебо ва муҳташам нақшбандӣ карда будаанд.
Мо ин акси муҳташамро тамошо карда, хеле роҳ паймудем. Лаб-лаби дарё қадам мезадем. Ду кӯҳ тамом шуду дар пеш дашти фарохе пайдо гашт. Перомуни дашт боз кӯҳҳои баланд печида буданд. Мо аз дур дидем, ки аз қуллаи ин кӯҳҳо се шаршара кокулафшонӣ намуда, манзараи ғайриодиеро нишон медод. Ҳамин лаҳза дар пайраҳои қуллаи кӯҳ се нафар роҳпаймоӣ доштанд. Мувофиқи ҳикояти роҳбаладам ин роҳи Дарвоз ба ҷониби Муъминобод будааст.
- Он се нафарро дидӣ, ки аз қуллаи кӯҳ ба тарафи мо
фуромада истодаанд. - гуфт роҳбалади ёгедӣ, - ҳамон ҷавони мобайни мухлиси худат аст, яъне мухлиси сахти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё