Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
таваккуф намуда, зери чангистони нуқрафому дилпазир ва форами ин шаршара ҳаловате бардоштем.
Баъди он ки даштҳои гулфишон ва зумурраднишонро сипарӣ намудем, моро дар шаҳри Баҳорак пешвоз гирифтанд. Чӣ тавре ки маълум аст, дар ноҳияи Шӯрообод низ деҳаи гулпӯше бо ҳамин номи Баҳорак мавҷуд аст.
Ҳини пешвозгирӣ маросиме баргузор шуд. Ба мушоҳида расид, ки дар Афғонистон ҳам шоирон, ҳам мактабиёну дигар тоифаи мардум шеърро сирф аз рӯйи коғаз қироат менамоянд. Дар диёри азизи мо аксаран шеър аз ёд хонда мешавад.
Ҳамин тавр мизбонон мисли дигар нукоти Афғонистон шеърҳоро дар ин ҷо ҳам аз рӯйи коғаз қироат намуда, моро ҳайрамақдам гуфтанд. Ёд дорам, ки як шоири шаҳри Баҳорак дар радифи «Ояд ҳаме»-и устод Рӯдакӣ шеъре эҷод намуда, онро аз рӯйи варақае мехонду сафари моро муборакбод мегуфт. Дар як мисраи шеъраш ин ибораҳо буданд: «Сайдалӣ аз Хутталон ояд ҳаме». Бо ин суханон ӯ шоири машҳури Хатлонзамин устод Сайдалӣ Вализодаро дар назар дошт.
Шаҳри Баҳораки Афғонистон он қадар сабзу хуррам ва гулпӯш буд, ки дар тасвираш ман оҷизам. Аз се дара се дарёчаи шӯҳоби зулол ҷорӣ гардида буд, ки манзараи гирду атрофи Баҳоракро боз ҳам фараҳфизою рӯҳбахш менамуд. Дар маркази шаҳр чорсӯ, яъне шоҳроҳи ба чор тараф ҳидояткунанда бунёд ёфта, дар атрофи роҳҳо бисёр дӯконҳо ва бозорҳо воқеъ буданд. Дар наздикии чорсӯ бинои дуошёнаи аз хишти хом сохта қомат афрохта буд, ки моро ба он ҷо даъват намуданд. Дар ин бино идораи ҳукумати шаҳри Баҳорак ҷойгир будааст. Дар идора мизу курсӣ набуд, моро ба рӯйи кӯрпачаҳои зебодӯхти болои қолинҳо густурда шинонданд. Пас аз анҷоми зиёфат дар утоқи дигар корҳои расмӣ иҷро шуданд. Қарори бозори байналмилалии ноҳияи Ишкошим, ки ҳоло бо ҷӯшу хурӯш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё