Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

фаъолият дорад, ҳамон вақт аз тарафи намояндагони ду кишвари дӯст ва ҳамсоя он рӯз ба имзо расида буд. Мудири шуъбаи молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон асосан ба ҳамин мақсад ҳамроҳи мо сафар карда будааст. Ҳамин тариқ Минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил гардид, ки ин ҳам аз баракати рӯҳи пурфутӯҳи Ҳаким Носири Хусрави бузургвор имконпазир гашт.

Пас аз имзо шудани санади Минтақаи озоди иқтисодӣ шоирон шеърхонӣ карданд. Бояд бигӯям, ки шоирони Баҳорак шеърҳои хуб хонданд. Ман дар гирду атрофи Баҳорак ба гӯйиши мардум аҳамият додам, ки он ба лаҳҷаи аҳолии Кӯлоб шабоҳат дошт. Дар шаҳри Баҳорак ҳатто калимаи «хова»-ро шунидам. Бинобар ин тасмим гирифтам, ки шеъри «Оҷаҷон, ҷон, оҷаҷон»-ро ба лаҳҷаи кӯлобӣ бихонам. Ҳозирин чунон бо завқу шӯр гӯш мекарданд, ки дар ҳар бандаш кафкӯбии дуру дароз менамуданд.

Дар қафои бинои ҳукумат боғи сабзу хуррами будааст, ки шомгоҳон дар ҳамон ҷо барои мо зиёфати калоне оростанд.

Зимни суҳбат огоҳ гардидем, ки аз шаҳри Баҳорак ба тарафи шаҳри Файзобод - маркази вилояти Бадахшон шоҳроҳи ҳозиразамоне воқеъ будааст, ки тӯли он ҳамагӣ чил километрро ташкил медодааст.

Аз ҷумлаи ҳамон се дарёе, ки перомуни шаҳри Баҳорак ҷорӣ мегардад, якеро Кучка меномидаанд, ки он аз Юмгондара оғоз ёфта, то ба Баҳорак тохта, пасон дашту хомуни Файзободро обшор сохта, дар рӯбарӯйи Тахти Сангин ба рӯди Панҷ васл меёфтааст, яъне аз чашмасорони Юмгондара - оромгоҳи суханвари бузург шурӯъ гардида, ба зодгоҳи ӯ - шаҳри Кубодиён мерасидааст, тавре ки маълум аст, Тахти Сангин қаламрави ин шаҳр аст. Рӯди Кучка чунин як мақоми пайвандгаре доштааст.

Моро аз Ишкошим қумондони асокири ҳукуматӣ Абдулвоҳид роҳбаладӣ менамуду амниятро ҳам таъмин

пешина
аз 216
навбатӣ