Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
мекард. Амакбачаи ӯ афсар Зигам низ дар паҳлуи Абдулвоҳид буд ва Зигам шоири хушзавки Бадахшон маҳсуб меёфта, табъи равону баланде дошт. Дар байни мардум соҳиби обрӯю эътибори зиёд будааст.
Субҳгоҳон аз Баҳорак ҳаракат карда, вақти пешин ба рустои Чурм расидем ва нони чоштро дар ҳамин деҳа сарф намудем. Ва воқиф гардидем, ки деҳаи Чурм оғози Юмгондара ҳисоб меёфтааст. Юмгондара хеле зебо ва хушманзара будааст, деҳаи марказии онро Ғармӣ меномидаанд. Аз ин ман басо ҳайрон ва хурсанд шудам. Ва аз мизбонон пурсидам, ки ин чӣ маъно дорад?
-
Маънои онро мо намедонем, - ҷавоб доданд сокинони деҳаи Ғармӣ.
-
Дар Тоҷикистони мо Ғарм ном ноҳияе мавҷуд аст, - шарҳ додам ман, - ва он макон ниҳоят хушманзара мебошад. Шояд дар замонҳои қадим аз Ғарм ягон шахс ба ин ҷо муҳоҷират карда, ҳамин русторо бунёд намудааст.
-
Шояд ҳамин тавр бошад, - тахмини моро тасдиқ намуданд гармиёни Юмгондара.
Дар деҳаи Ғармӣ як пиёла чой нӯш карда, ба сафарамон идома бахшидем.
Пас аз чанде роҳ рафтан рӯди Хистак пеш омад, ки он хеле тезҷараён буд. Мошини аввал аз Хистак убур кард ва мошини дуюм банд монд. Онро ҳамакаса тела карда, аз чанги дарёча наҷот бахшидем.
Оби Хистак ба оби Кучка васл меёфтааст.
Дар охири Юмгондара дар доманаи кӯҳи баланду бовиқор деҳаи Ҳазрати Саъид воқеъ будааст, ки оромгоҳи шоир ва мутафаккири бузург Ҳаким Носири Хусрави Кубодиёнӣ дар ҳамон деҳа ҷо гардидааст. Дар Юмгондара ва саросари Бадахшон суханвари бузургро бо эҳтиром «Ҳазрати Саъид» меномидаанд.
Дар ин ҷо қабл аз ҳама ба мо гореро нишон доданд, ки Ҳакими гаронмоя дар он ҷо аз бадхоҳон пинҳон гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё