Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

нобо лигаш ҷигарбирён хӯрда, мошини хосашро ронаду ба мактаб равад. Ҳарчанд ки ӯ ҳуқуқи ронандагӣ надошт.

Ҳар рӯз як зан аз чашмаи дур барои чойи раис об меовардааст, зане дигар чалакҳои чорвои ҳавлии раисро аз об пур мекардааст. Зани сеюм дар сари дегдон ҷунбуҷул карда, косаю табақҳоро мешустааст ва таом мепухтааст. Зани худи раис фақат бо пардози оразу зулфаш андармон мешудааст.

Заминро халқ обод мекунад, вале кори халқро ба раис нисбат медиҳанд. Раис бо ёрии пуштибонони болонишинаш ҳаққи дигар хоҷагиҳоро низ тасарруф менамояд.

Сипас устод М. Наҷмиддинов дар бораи ин раис навиштани очеркро қатъиян рад мекунад. Ва дар бораи боғбоне асар менависад, ки дар ҳамон хоҷагӣ мезистаасту як қитъа замини кӯҳро бо заҳмати ҷонкоҳ аз санг тоза карда, чорбоғи себу зардолу бунёд намудааст. Ба бехи ниҳолон бо мошин об мекашондааст.

Бале, адиб хилофи виҷдони худ амал накард...

Аз асарҳои Мутулло Наҷмиддинов чандин наслҳои ҷавон баҳра бардоштаанд ва ҳоло ҳам онҳо қимати бадеию эстетикии худро гум накарда, хонданбоб ва ибратбахш мондаанд. Бо ин асарҳо наслҳои нав ба нав низ тарбият меёбанд. Зеро устод аз пайи тақлидкорӣ нарафта, бо ҷустуҷӯ ва сабку равияи хос сухани худро гуфтааст. Бинобар ин дар таърихи адабиёти навини тоҷик мақому мавқеи муносиби худро дорад.

Боз як ҷиҳати зубдаи фаъолияти эҷодии нависандаро қайд кардан зарур аст, ки ӯ бо асарҳои худ дар байни тоҷикони муқимии Осиёи Марказӣ ва ҷумҳурии мо ҳамчун пуле неруи тавоно ва пурҷозибаи васлгарӣ дорад. Асарҳои ӯро дар ин кишварҳо хуб медонанд ва пайваста мутолиа мекунанд. Инро мо дар рӯзҳои ҷашни 70-солагии адиб нағз фаҳмидем ва мушоҳида карда будем. Мехоҳем боз як паҳлуи дигари ба ҷавонони болаёқат ва соҳибистеъдод

пешина
аз 216
навбатӣ