Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
махсусан зикр намоем. Солҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») буданаш ва дар дигар нашрияҳо, хусусан рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ кор карданаш М. Наҷмиддинов аз гӯшаю канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ истеъдодҳои нодирро ҷустуҷӯ карда, тарбият менамуд. Онҳо аз устод сабак омӯхта, аксарашон сармуҳаррирони рӯзномаҳо ва нашрияҳои давлатию ҳизбии ҷумҳурӣ гардиданд. Чун мураббии ғамхор барои камолот ва пешрафти кори эҷодии ҷавонони болаёқат кӯмаки худро ҳеҷ гоҳ дареғ надоштааст. Дар саҳифаи адабии «Илҳом», ки ӯ дар рӯзномаи ҷавонон ҳамон вақт таъсис дода буд, порчаҳои осори эҷодкорони ҷавон бо сурат ва шарҳи ҳолашон пайваста чоп мешуд. Чанде аз он адибон имрӯз ифтихори адабиёти тоҷиканд.
Замоне ки дар нашриёти «Ирфон» ба ҳайси мудир кор мекард, ба ҷавонони болаёқати ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон дар чоп гардидани асарҳояшон кӯмак мерасонд.
М. Наҷмиддинов аз ҷумлаи адибонест, ки эҷодиёти ӯро халқ эътироф кардааст. Он чиз ҳам далели тасдиқи ин суханони мо шуда метавонад, ки дар охири соли 2000 як идда рӯзномаҳо бо ташаббуси худ барои муайян намудани беҳтарин журналисти қарни ХХ афкори умум ташкил карда, ба муассисаҳою иттифоқҳои эҷодӣ, кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатӣ ва ба нашрияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намуда буданд. Дар ҷамъбасти афкори умум устод Садриддин Айнӣ, ҳамчунин Отахон Латифӣ ва Мутеулло Наҷмиддинов беҳтарин журналистони қарни ХХ дониста шуданд.
Устод М. Наҷмиддинов дар бораи ҳақиқати зиндагӣ, фаъолияти эҷодию ҷамъиятии шахсиятҳои нотакрор - Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода ва дигар адибон қиссаи ҳуҷҷатӣ-бадеӣ навишта, дар матбуоти даврӣ чоп кардааст. Ва ин асарҳоро таърихнигорон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё