Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дар корҳои илмии худ бамавқеъ эътироф ва истифода кардаанд.

Устод Мутуулло Наҷмиддинов бо асарҳои худ ҳамеша зинда мемонанд. Беҳтарин қаҳрамонони асарҳояшон, ки устоди фарзонадудмон офаридаанд, шоҳроҳи накукории муаллифро дар арсаи ҳаёт муваффақона идома медиҳанд.

ҶАВҲАРИ АШЪОРИ УСТОД ЛОИҚ

Моҳи декабри соли як ҳазору нуҳсаду ҳафтоду нуҳ барои хизмат ба кишвари Афғонистон сафарбар гардида будам. Мо, як гурӯҳ мушовирин ва мутахассисини шӯравӣ дар деҳкадаи Самархел буду бош доштем, ки он чанд сол қабл дар канораи шаҳри Ҷалолобод аз тарафи муҳандисини давлати мо бунёд гашта будааст. Муҳандисини шӯравӣ барои обёрии заминҳои ташна-лаби ин ҷо канал канда, албатта, деҳкадаи замонавии Самархелро низ эъмор намудаанд.

Акнун мо баъд аз Инқилоби Кабири Савр дар давраи Қиёми Шаши Ҷадӣ дар ҳамин деҳкадаи Самархел зиндагӣ доштем. Дар Афғонистони инқилобӣ бо ёрмандии иқтисодӣ ва ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ давраи ба сари қудрат омадани Бабрак Кормалро Қиёми Шаши Ҷадӣ мегуфтанд.

Дар ҳамин айём банда бо шоири машҳури Афғонистон Сулаймон Лоиқ шиносо гаштам. Қаблан эшонро ғоибона мешинохтам ва аз ҳама муҳиммаш огоҳӣ доштам, ки ӯ тавассути Муҳаммад Осимӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, меҳмони ҳамномаш, шоири соҳибистеъдоди тоҷик Лоиқ Шералӣ будааст. Ва баъдан таҳти таъқиботи Ҳафибулло Амин қарор гирифтану маҳбус гардиданаш ба Лоиқи мо ба унвони «Аз Лоиқи ғамҳо ба Лоиқи шодиҳо» ном шеър ҳам навиштааст.

Баъди Қиёми Шаши Ҷадӣ Сулаймон Лоиқ ба се вазифа мушарраф гардида буд: вазири ақвом ва қабоил, узви

пешина
аз 216
навбатӣ