Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
алалбадали Кумитаи Марказии Ҳизби Демократии Халқи Афғонистон, раиси зуни (минтақаи) Машриқӣ (яъне вазири қавмҳо ва қабилаҳо, номзад ба узвияти Кумитаи Марказии Ҳизби Демократии Афғонистон, раиси минтақаи Машриқӣ). Дар он давра Афғонистон аз тарафи ҳукумат ба минтақаҳо тақсим шуда буд, то роҳбарии ҳизбии мамлакат осонтар шавад. Ба минтақаи Машриқӣ вилоятҳои Нангарҳор - марказаш Ҷалолобод, Лагмон - марказаш Меҳтарлом ва Кунарҳо - марказаш Асадобод муттаҳид шуда буданд. Сулаймон Лоиқ дар ҳамин се вилоят бо фаъолияти ҳизбӣ шуғл меварзид. Албатта, аз тарафи Ҳукумати Шӯравӣ низ сармушовирони ҳизбӣ, низомӣ ва дигар мушовирон дар ин ҷо фаъолият доштанд.
Бо вуҷуди пуркориҳо мо фурсат ёфта, дар хусуси адабиёт, ояндаи неки Афғонистон сӯҳбату ихтилот менамудем.
Боре чун огоҳ шуд, ки ман ба Душанбе, ба мураххасӣ меравам, барои устод Лоиқ номае навишт.
Дар шаҳри Душанбеи азиз номаи Сулаймон Лоикро ба устод Лоиқ тақдим намудам. Устод номаи шоири ҳамномашонро мутолиа карда, гуфтанд, ки посухи онро ҳамин лаҳза менависанд.
Воқеан ҳам котибаи устод Мастура пас аз лаҳзае посухи устод Лоикро дар мошинка чоп карданд ва он як шеъри баландпояи лоиқона буда, бо банди зайл оғоз мегардид:
Аз Ҷалолобод омад номаат,
Хондаму ошуфтатар шуд хотирам.
Аз Пули Чархӣ, ки ёд овардай,
Чарх зад чун чархи саргардон сарам...
Фурсате нагузашта устод бо ҳамин шеър ду шишаи гардандароз ва ду бастаи ҳасиби навъи сайёдонро ба дастам доданд, ки он солҳо барои Афғонистони инқилобӣ ин савготии хубе ҳисоб мешуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё