Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Дар Ҷалолобод шеъри устоди гаронқадрро бо хати худам ба форсӣ баргардон карда, бо туҳфаҳо ба вазир соҳиб (яъне ҷаноби вазир) Сулаймон Лоиқ супурдам.
Ӯ ба шеър як назар намуду (онро ҳатто пурра мутолиа накарда) ба ман нигарист ва гуфт:
-
Ман нома навишта будам, вале ӯ бо шеър посух гуфтааст. Акнун Лоиқ, Бозор, Муъмин Қаноат, хулоса, кулли шоирони тоҷикро бо шеър банд мекунам.
-
Вазир соҳиб, ҳамаро банд кунед ҳам,- фавран ҷавоб гуфтам ман,- Лоиқи моро банд карда наметавонед!
-
Шумо, шӯравиҳо акнун дар шеър ҳам мушовир мешавед? Бо овози андак баланд гуфт ӯ.
-
Зарур шавад, дар шеър ҳам мушовирем. Зимнан роҷеъ ба пирӯзиҳои Инқилоби Кабири Савр ва хосатан Қиёми Шаши Ҳавӣ шеърҳои ватанпарастӣ каманд, дар рӯзномаҳо интишор намешаванд!
Бо ҳамин минвол дар байни мо муносибати андак сард ба амал омада бошад ҳам, суҳбату ихтилотамон ҳаргиз гусаста нашуд.
Пас аз ҳафт - ҳашт моҳи хизмат ман бо дӯстон худоҳофизӣ карда, ба Тоҷикистони маҳбуб баргаштам.
Шукрона, ки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» таъсис гардида, устод Аскар Ҳаким дар вазифаи сармуҳаррири он масъулият доштаанд. Банда дар идораи ин нашрия ба кор оғоз намудам.
Боз ҳам панҷ-шаш моҳ сипарӣ гардид.
Як рӯз дар Иттифоқи нависандагон хабаре паҳн шуд, ки Президенти Академияи Улуми Тоҷикистон, устод Муҳаммад Осимӣ ба назди адибон бо меҳмон меомадаанд. Ва мулоқот дар толори хурди ошёнаи дуюм баргузор шуд. Меҳмон вазир соҳиб Сулаймон Лоиқ будааст, ки зимни мулоқот бо ман оғӯшкашӣ карда, «Хизматро ба анчом

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё